Никоҳ
Зоҳир
1. Никоҳ (арабӣ: نكاح) заношӯӣ, издивоҷ; ақди никоҳ кардан зан гирифтан; ба никоҳи касе даровардан ба касе ба занӣ додан.
Духтаре дошт, ба никоҳи ман даровард. |
2.Никоҳ — иттифоқи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи ихтиёрона ва баробарҳуқуқи зану мард аст, ки барои бунёди оила равона шуда, барои ҳамсарон ҳуқуқу ӯхдадориҳои шахсӣ ва амволиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ - хусусиятҳои хоси дар қонун инъикосёфтаи он аст, ки ба тариқи зайланд:
- - никоҳ танҳо миёни зану мард баста шуда метавонад;
- - барои бастани никоҳ мавҷудияти изҳори иродаи ихтиёронаи онҳое лозим аст, ки ба никоҳ ворид мешаванд;
- - никоҳ иттифоқи баробарҳуқуқ аст;
- - никоҳ бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад, яъне дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад;
- - мақсади никоҳ бунёди оила аст, дар ҳолати баръакс, никоҳ беэътибор дониста мешавад;
- - қайди никоҳ боиси пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкии ҳамсарон мегардад.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Никоҳ дар Викианбор |