Jump to content

Гётит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гётит
Гётит из Бразилии
Формула FeO(OH)
Физические свойства
Цвет Оттенки коричневого, жёлтый
Цвет черты Желтовато-коричневая
Блеск Алмазный
Прозрачность Просвечивающий, непрозрачный
Твёрдость 5—5,5
Спайность Совершенная по {010}
Плотность 3,3—4,3 г/см³
Сингония Ромбическая (планаксиальная)

Гёти́т (аз номи шоири олмонӣ Гёте) — минерал аз гурӯҳи гидрооксидҳои оҳан. Формулаи кимиёияш FeO(OH).

Сохтори кристаллбандиаш ромбӣ. Сохтори кристаллиаш бо сохтори диаспор монанд аст. Баъзан дар шакли кристаллҳои маншурӣ дучор меояд. Агрегатҳояш яклухт, гурдашакл, сталактитӣ, баъзан сӯзаншакл ё қаламчамонанд. Гётит дар шакли шӯша ва хока низ дучор мешавад. Рангаш зарди бӯртоб, қаҳваӣ, бӯри сиёҳтоб. Ранги хокааш қаҳваии моил ба зард. Ҷилояш алмосӣ, тира ва нимшаффоф. Сахтиаш 4,5-5, зичиаш 4140-4280 кг м3. Гусехташ комил. Вазни хоссаш 4,0-4,4. Гётит дар шароити ҳарорату фишори муқаррарии минтақаи фарсоиш аз ҳисоби минералҳои оҳандор (сидерит, магнетит, пирит) ба вуҷуд меояд. Дар таҳшинҳои ботлоқӣ низ вомехӯрад. Баъзан ҳамчун минерали гармобӣ дар шакли кристаллҳои сӯзаншакл ва сутунча дучор меояд. Чун маъдани оҳан ба кор меравад. Конҳои калони гётит дар Русия (нимҷазираи Керч, Урали Ҷанубӣ), Элзас ва Лотарингия, Пршиброми Чехия, Куба, ИМА воқеанд.

  • Костов И. Минерология. М., 1971;
  • Годовиков А. А. Минералогия. М., 1975;
  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.