Jump to content

Веризм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вери́зм (итол. il verismo, аз вожаи vero — ҳақиқӣ, ҳақиқатовар) — ҷараёни реалистӣ дар адабиёт ва ҳунари Итолиёи чоряки охирини асри 19.

Пайдоиш ва инкишофи веризм бо вазифаи нави адабиёт ва санъат дар Итолиёи муттаҳидшуда (пас аз давраи Рисорҷименто), ки ба роҳи тараққиёти буржуазӣ даромада буд, вобаста аст. Веризм дар таъсири реализми танқидии англис, фаронсавӣ ва рус, ҳамчунин натурализми Э. Золя шакл гирифтааст. Он дар фарҳанги итолиёӣ миёнаҳои асри 19 пайдо шуда (операи «Травиата»-и Ҷ. Верди, 1853), дар солҳои 1860 шакл гирифт ва дар солҳои 1880 мавқеи ҳукмронро ишғол кард. Соли 1880 Ҷ. Верга ва Л. Капуана манифести веризмро навиштанд, Ҷ. Верга новеллаи «Ифтихори деҳот» — машҳуртарин асари веризмро чоп кард. Муҳимтарин хусусиятҳои ғоявии эҷодиёти намояндагони веризм инъикоси ошкоро ва сахтгиронаи нақсу иллатҳои ҷамъият, ҳатто шаклҳои дағалу маъюби он, ҳақгӯёна ва бо ҳисси ҳамдардӣ нишон додани ҳаёти деҳқонону табақаҳои бечораи шаҳр, ҷустуҷӯи баробарию адолати иҷтимоӣ ва дар айни вақт бовар ба қисмат ва ҳаққонияти ифодаи роҳи беҳбудро дида натавонистани веристҳо мебошад. Ғоя, мазмун ва услуби веризм бештар дар наср (Ҷ. Верга, Л. Капуана, Г. Деледда), театр (мазҳакаҳои Ҷ. Роветта, Ҷ. Ҷакоза), мусиқӣ (П. Маскани, Р. Леонкавалло, Ҷ. Пуччини), ҳайкалтарошӣ (веризм Вела, веризм Ҷемито), рассомӣ (Ҷ. Пелисса да Волпедо, Ф. Палисса, А. Манчини, Ф. П. Микетти) ифода ёфтааст. Дар мусиқӣ веризм бештар дар опера муваффақият пайдо кард, вале оҳангҳои иҷтимоии ба адабиёт хосси веризм дар онҳо камтар ба назар мерасиданд. Оҳангсозон қаҳрамонҳои худро аз аҳолии деҳот, шаҳрвандони камбағал, намояндагони богема (зиёиёни камбизоат) интихоб намуда, диққати асосиро ба драмаҳои маишӣ (моҷароҳои зиндагӣ), асосан ба муноқишаҳои ишқӣ равона месохтанд. Нахустин операҳои веристӣ «Ифтихори деҳот»-и П. Маскани (1890) ва «Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло (1892) буданд. Баъд операи веристӣ дар эҷодиёти Ҷ. Пуччини — «Манон Леско» (1893), «Богема» (1896), «Ғам» (1900), «Чио-чио-сан» (1904), «Хонум Баттерфляй» (1904), «Духтаре аз ғарб» (1910), «Плаш» (1918) муваффақияти бештар пайдо кард. Веризм дар давоми се даҳсола (1890—1920) дар опера ҳукмрон буд. Ба ғайр аз Маскани, Леонкавалло ва Пуччини ба ин ҷараён У. Ҷордано, Ф. Чилеа, Э. Волфа-Ферари ва дигарон ворид буданд. Ҷараёнҳои ба веризм монанд дар Олмон (операи «Водӣ»-и Э. д̓, Алберто), Фаронса (операҳои А. Брюно, «Луиза»-и Г. Шарпанте, асарҳои охирини Ж. Массне) вуҷуд доштанд. Беҳтарин анъанаҳои веризм дар асарҳои адибони муосири пешқадами Итолиё (Ф. Йовине, К. Леви, веризм Партолини ва дигарон) инкишоф ёфтаанд.