Jump to content

Блохин, Олег Владимирович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Блохин, Олег Владимирович
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 5 ноябр 1952(1952-11-05)[1][2][3][…] (71 сол)
Шаҳрвандӣ
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Оле́г Влади́мирович Блохи́н (укр. Олег Володимирович Блохін; тав. 5 ноябри 1952, Киев) — футболбоз, мураббии футбол, сиёсатмадори украинӣ, Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1975).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуҷумкунандаи тими «Динамо» (Ки­ев, 1969-87); чемпиони ИҶШС (1974, 1975, 1977, 1980, 1981, 1985, 1986), барандаи панҷ­ка­ратаи Ҷоми ИҶШС. Дар 432 чемпионати ИҶШС ширкат дошта, 211 гол задааст, ки ин нишонди­ҳандаи рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳайати тими «Динамо» (Киев) дорандаи Ҷоми барандагони ҷомҳо (1975 ва 1986) ва Суперҷом (1975) гардидааст. Блохин яке аз се футболбози шӯравӣ аст, ки унвони беҳтарин бозигари соли Аврупо (1975) ва ҷоизаи «Тӯби тилоӣ»-ро дарёфт кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ (1972-88) дар 113 дидор ширкат карда, 44 гол задааст. Солҳои 1990—2003 мураббии клубҳои футболи Юнон — «Олимпиакос» (Пирей), ПАОК (Салоники), АЕК ва «Иорникос» (ҳар ду аз Афина) ва солҳои 2003-07 сармураббии тими мунтахаби футболи Украина буд. Соли 2006 тими мунтахаби футболи Украинаро бори нахуст то марҳалаи бози­ҳои чорякфиналии чемпионати ҷаҳон расонд. Соли 2011 дубора сармураббии футболи Украина таъйин шуд.

  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.