Jump to content

Аттика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аттика, вилоят дар Юнони Қадим. Дар қисми ҷанубии шарқӣ бо Беотия ва дар ғарб бо Мегарида ҳамсарҳад буд. Марказаш шаҳри Афина. Ҳоло ҳам ба ҳамин ном вуҷуд дорад. Дар ҳудуди Áттика кӯҳҳои баландқуллаи Гимет ва Пентеликон, ки конҳои мармари аълосифати машҳур доранд, мавҷуданд. Дарёҳои Кефис ва Иллис аз ин вилоят мегузаранд. Дар қисми ҷанубии Áттика калонтарин манбаи истихроҷи нуқра вуҷуд дорад. Дар Аттика маъбадҳои муқаддаси Деметр ва Персефон ҷойгиранд. Афина аз бузургтарин марказҳои савдову ҳунармандӣ маҳсуб мешавад.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.82