Ангора
Зоҳир
Ангора, эскиз (фр. esquisse), пештарҳ — қайдҳои хомакии қаблии рӯи ин ё он чиз, ки мақсади асари бадеӣ, тарҳ ё нақшаи иншоот, механизм ва қисмҳои адоҳидаи онро муайян мекунад. Ангораро ҳангоми таъмир барои ба ҷои ҷузъи фарсуда сохтани ҷузъи нав истифода мебаранд. Дар истеҳсолот ҷузъи техникӣ бевосита аз рӯи ангора бо риоя намудани талаботи стандарт сохта мешавад. Ангора барои банду басти композитсионӣ ва таносуби рангҳои асари бадеӣ мусоидат менамояд. Ангора сиёҳқаламӣ, суратгирӣ ва ҳаёкалтарошӣ мешавад. Ангора дар эҷодиёти рассомони номӣ мавқеи муҳим дошта, услуби эҷодиёти онҳоро муайян мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.