Jump to content

Уқёнусшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Уқёнусшиносӣ, уқёнуснигорӣ — маҷмӯи илмҳоеро гӯянд, ки таъсири ҳамдигари уқёнус ва муҳити атрофро, бо назардошти гардиши тағирёбандаи он, мубодилаи кимиёвии уқёнус бо материкҳо, ҳаво ва қаър, организмҳои зинда ва таъсири муҳитии он, таркиби геологии қаъри уқёнус, равандҳои гуногуни маҳалие, ки аз ҳисоби мубодилаи энергия ва мавод байни қисмҳои гуногуни уқёнус амали мегарданд, меомӯзад. Уқёнусшиносӣ, аз рӯи мазмун, гурӯҳи илмҳоест, ки равандҳои физикавӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки дар он, дар сатҳои гуногун мегузаранд, меомӯзад.

Мақсади асосии амалии уқёнусшиносӣ таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳаракатҳои рӯйиоби ва зериобии киштиҳо, истифодаи захираҳои биологӣ, минералӣ ва энергетикии обу қаъри уқёнус, инчунин такмили усулҳои пешгӯийи обу ҳаво мебошад. Уқёнусшиносӣ асосан бо масъалаҳои физика, химия, биология ва геологияи уқёнус машғул аст. Физикаи уқёнус қонуниятҳои таъсири мутақобилаи уқёнусу атмосфераро меомӯзад.

Ба он гидротермодинамика, акустика, оптикаи уқёнус, тадқиқи радиоактивият ва майдони электромагннтии уқёнус дохил мешаванд. Химияи уқёнус қонунняти мубодила ва тағйирёбии моддаҳои химиявии уқёнус, инчунин баланси химиявии онро муайян менамояд. Биологияи уқёнус бо омӯзиши мавҷудоти зиндаи уқёнус — планктон, нектон, бентос ва микроорганизмҳо, инчунин маҳсулнокии солонаи муҳимтарин намуди организмҳо, идора кардани маҳсулнокии биологии уқёнус машғул аст. Геологиян уқёнус қонунияти просессҳои геологиро дар қаър ва зери қаъри уқёнус ва ташаккулёбии конҳои маъданро муайян мекунад. Барои омӯзиш ва назорати уқёнусҳо ташкилотҳои байналхалқӣ, дар ИҶШС ва мамлакатҳои хориҷӣ муассисаҳои тадқиқоти илмӣ вуҷуд доранд.

Қисмҳои уқёнусшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Уқёнусшиносиро ба ҳафт қисми мазкур тақсим кардан мумкин аст:

  • биологияи уқёнус рустаниҳо ва ҳайвоноти уқёнусҳоро ва таъсири ҳамдигарии экологии онҳоро меомӯзад.
  • Уқёнусшиносии кимиёвӣ, кимиёи уқёнусро меомӯзад.
  • Геологияи баҳрӣ ва ё уқёнусшиносии геологӣ, геология ва захираҳои минералии қаъри уқёнусро, инчунин тектоникаи лавҳавиро меомӯзад.
  • Таъсири ҳамдигари уқёнус ва муҳити атроф
  • Уқёнусшиносии физикавӣ, хосиятҳои физикавии оби баҳрҳоро, равандҳои динамикиро ва таркиби обро дар уқёнус меомӯзад.
  • Уқёнусшиносии техникӣ, таҷҳизоте, ки дар уқёнусшиносӣ истифода мебаранд ва тарзи истифодаи он дар экспедитсияҳои илмӣ омӯхта, таъмири онро таъмин менамояд.
  • Уқёнусшиносии саноатӣ, илми амалӣ буда, тарзи истифодаи ҳадафноки саноатии имконоти уқёнусҳоро меомӯзад.