Ҷаъфарӣ
Ҷаъфарӣ | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Petroselinum.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Petroselinum crispum (Mill.) Fuss, 1866 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Ҷаъфарӣ (лот. Petroselinum crispum) — номи як гиёҳи хӯрданӣ, ки ба шибит монанд аст.[1]
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доруи табиӣ барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, фаъолкунандаи қувваи мардон, танзимкунии ҳайзи занон, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, бо хусусияти антисептикӣ, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳимаш пешгирӣ аз саратон. Натанҳо баргаш, балки реша ва тухмаш низ шифобахш буда, аз витамин ва минералҳо аст. Ҷаъфарӣ дорои витаминҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва равған мебошад. Ба вуҷуд қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб ба роҳ мемонад. Инчунин гузариши ҳайзи занонро осон мегардонад. Аз касалиҳои зуком, шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад; қанди хунро мӯътадил нигоҳ дошта, аз касалии саратон муҳофизат мекунад. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором мекунад. Инчунин ба бемориҳои санги гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷигар фоидаи зиёд дорад. Барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Дар дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ камтар ҷаъфариро хуб хоида фурӯ бурдан, фоидаи зиёд дорад. Модаронро камшир мекунад. Ба мӯйи сар қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ мекунад. Ҳатто решаи ҷаъфариро пас аз тоза кардан бо хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯйи нофорами даҳонро низ аз байн бурда, ба нури чашм зиё мебахшад. Тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳар рӯз миқдори муайянро итеъмол кардан лозим мебошад, чунки истеъмоли аз ҳад зиёд зарар дорад. Шахсоне, ки ба сабаби сармохӯрдагӣ варами гурда доранд, истеъмол набояд кунанд. Обашро зиёда аз 60 гр ва худашро танҳо истеъмол набояд кард.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷаъфарӣ
- ↑ Таркиби мӯъҷизавии ҷаъфарӣ…(пайванди дастнорас)