Сиёсати ҷуғрофиёӣ
Сиёсати ҷуғрофиёӣ (форсӣ: سیاست جغرافیایی), геополитика (географическая политика; аз юн.-қад. γῆ — замин, πολιτική — умури давлатӣ ё ҷамъиятӣ), сиёсати ҷаҳонӣ — яке аз шохаҳои асосии илмҳои сиёсӣ; мақулаи бунёдии сиёсатшинохтӣ ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ; сиёсатест дар бораи мақом ва шаклҳои мушаххасу таърихии таъсиррасонии хусусиятҳои ҳудудию фазогии ҳолати кишварҳо ба равандҳои умумиҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ.
Мафҳуми илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гардиши илмии мафҳуми сиёсати ҷуғрофиёӣ ба номи Р. Челлен алоқаманд аст. Р. Гаркави сиёсати ҷуғрофиёиро «тасаввуроти харитагии муносибатҳои байни миллатҳои асосии мубориз» маънидод намуд, аммо чунин фаҳмиш тамоми хосиятҳои раванди мазкурро инъикос карда наметавонад. Зарурати фаъолияти якҷояи воҳидҳои ҷомеаи байналмилалӣ баҳри омода сохтани сиёсати умумисайёравӣ, ки метавонад қобили ҳаёт бошад ва муттасилии тамаддуни муосирро таъмин намояд, вуҷуд дорад. Дар фаҳмиши имрӯз сиёсати ҷуғрофиёӣ одатан, соҳаи маъмули тадқиқоти илмҳои сиёсӣ — сиёсати хориҷӣ дониста мешавад. Дар маркази тадқиқоту таҳлили сиёсати ҷуғрофиёӣ масъалаҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Сиёсати ҷуғрофиёӣ инчунин ба омӯзиши масъалаҳои нав, шаклҳо ва методҳои тадқиқи онҳо низ машғул аст. Он на танҳо хосиятҳои ҷуғрофӣ ё фазогию ҳудудиро дар сиёсати бузург таҷассум менамояд, балки баҳри таъмини хосиятҳои умумисайёравӣ, тартиб ва қоидаҳои рафтори умумӣ, инчунин сиёсати байналмилалии давлатҳои алоҳида, иттиҳодияҳо, блокҳоро дар арсаи умумиҷаҳонӣ фаро мегирад. Ба ин маъно сиёсати ҷуғрофиёӣ равандҳо ва усули инкишофи давлатҳо, минтақаҳо ва умуман оламро тадқиқ менамояд.
Ғояҳои геополитикӣ аз давраҳои қадим маълум буда, ифодаи сиёсати хориҷии мамлакатҳои гуногун, махсусан, давлатҳои муқтадиранд. Нахустин ғояҳои геополитикӣ ба раванди экспансияи давлатӣ мувофиқ меоянд. Сарварони давлатҳо ва дигар ходимони давлатӣ мекӯшиданд, ки дар баробари сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷии кишварро низ ҷоннок намоянд, давлатро пурқувват гардонанд. Онҳо мавқеи ҷуғрофии кишварашонро ҳар чӣ беҳтар карданӣ буданд. Мамлакатро бо роҳҳои калони хушкигарду обӣ пайваст дидан мехостанд, иқлими хуб ва бойигариҳои фаровони табиию зеризаминӣ дар ихтиёр доштанӣ буданд.
Фаҳмиши муосири ғояҳои геополитикӣ дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX ташаккул ёфт. Пайдоиши ғояҳои геополитикӣ ва худи сиёсати ҷуғрофиёӣ ҳамчун соҳаи махсуси донишҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ аз омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ҷумла: нумӯи раванди ташаккули тадриҷии бозори умумиҷаҳонӣ, ташаккули муносибатҳо ва инкишофи онҳо дар байни халқҳо ва кишварҳои гуногун; таназзули васеъшавии фазогию ҳудудии аврупоӣ. Ҷаҳон дар байни давлатҳо кайҳо тақсим шуда бошад ҳам, бархе аз кишварҳо мекӯшанд, ки онро аз нав тақсим намоянд. Омили муҳимми дигар гузариши мувозинати байни давлатҳои аврупоӣ ба давлатҳои минтақаҳои дигар мебошад. Яъне, дар инкишофи олам дар байни давлатҳои минтақаҳо як навъ баробарӣ ҳис мегардад. Сатҳи инкишофи онҳо тадриҷан наздик мешавад; дар муносибатҳои байналхалқӣ Аврупо мавқеи худро тадриҷан аз даст медиҳад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши давлатҳои минтақаҳои дигари олам меафзояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зокиров Г. Н. Геополитика. Д. , 2009;
- Мэхен А. Влияние морской силы на историю (1660—1783). М.-Л. , 1941;
- Данилевский Н. Я. Россия и Европа. М. , 1991;
- Геополитика: теория и практика (Под ред. Э. А. Позднякова). М. , 1992;
- Плешаков К. Геоидеологическая парадигма. М. , 1994;
- Поздняков Э. А. Геополитика. М. , 1995;
- Андрианова Т. В. Геополитические теории ХХ века (социально-философские исследования). М. , 1996;
- Сорокин К. Э. Геополитика современности и геостратегия России. М. , 1996;
- Дугин А. Г.[ru] Основы геополитики. Геополитическое будущее России.Бойгонӣ шудааст 12 май 2010 сол. М. , 1997;
- Хаусхофер К. О геополитике. М. , 2001;
- Гаджиев К. С. Введение в геополитику. М. , 2003;
- Классика геополитики, ХХ век. Сборник / Составитель К. Королёв. М. , 2003;
- Хантингтон С. Столкновение цивилизаций. М. , 2003;
- Нартов Н. А. , Нартов В. Н. Геополитика. Учебник. М. , 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геополитика / Г. Зокиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.