Jump to content

Рейд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рейд (англ. raid ҳамла, тохтутоз), 1) дохил шудани гурӯҳи тезҳаракат (тонкӣ, механиконида, аскарони савора, партизанӣ) ба ақибгоҳи душман бо мақсади зарар расонидан, вайрон кардани обектҳои муҳим (пулҳо, фурудгоҳҳо, роҳҳои оҳан, роҳҳои алоқа, анборҳо, пойгоҳҳои таъминот ва ғайраҳо) аз кор баровардани роҳҳои боркашонӣ, дастгирӣ ва ташкили ҳаракатҳои партизанӣ, боздоштани қувваҳои душман ва ғайраҳо. Рейд дар бисёр ҷангҳо кор фармуда мешавад. Рейди отрядҳои аскарони савораи рус дар ақибшоҳи армияи Фаронса дар Ҷанги ватании 1812, калонтарин Рейшдҳои аскарони савора дар Ҷанги шаҳрвандии 1918-1920 машҳуранд.