Идрок
Идрок (ар. ادراگ — дарк кардан, дарёфтан, расидан, фаҳмидан, ҳуш, шуур) — истилоҳи фалсафӣ, дарёфтани оқил моҳияти маъқулро; пазириши сурати ашё аз сӯи нафс ё зеҳн; инъикоси комили ашёву падидаҳо ба узвҳои ҳис дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мудраки олами воқеӣ.
Баҳси фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳси идрок яке аз муҳимтарин мабоҳиси фалсафии бостон ва рукни асосии фалсафаи муосир ба шумор меравад. Дар фалсафаи гузашта чун нафси инсонӣ дорои чаҳор қувва — оқила, мутахайила, мутаваҳҳима ва ҳиссия дониста мешуд, идрок дар ҳамин чаҳор мартаба эътибор дошт. Алии Қушчӣ дар «Шарҳи таҷриду-л-ақоид» мегӯяд: «Идрок дорои ду маъност: ом ва хос. Маънои ом марбут ба корбурди фалсафӣ аст ва мурод аз он ҳар гуна шинохт аст ва маънои хосси он ҳосили нигариши каломӣ аст ва танҳо бар эҳсос (идроки ҳиссӣ) тааллуқ мегирад».
Аз нигоҳи файласуфон, идрок суратест аз мудрак, ки дар ақл ё зеҳни дарёбанда (мудрак) ҳосил мешавад, сурате, ки мумкин аст муҷаррад бошад ё моддӣ; ҷузъӣ бошад ё куллӣ; ҷавҳар бошад ё араз; ҳозир бошад ё ғойиб. Ин сурат мумкин аст дар зот ё дар яке аз афзорҳои идрок монанди афзори дидан ё шунидан ҳозир шавад ва таҳқиқ ёбад. Таърифи Ибни Сино аз идрок баёнгари ҳамин маъност: «Идрок гирифтани сурати мудрак аст ба наҳве аз сувар ва дар идроки падидаҳои моддӣ ҳамин андоза, ки мудрик (дарёбанда) сурати мудрак (дарёфта)-ро таҷрид кунад, идрок ҳосил мешавад». Аммо дар осори бештари мутакаллимон ва бархе аз файласуфон доманаи маънои ин истилоҳ маҳдуд ба дарёфти ҳиссӣ аст. Ҷувайнӣ аз идрокҳои панҷгона сухан мегӯяд ва онҳоро чунин баршумурдааст: «Идроки басар, ки мутааллиқ ба диданиҳост; идроки самъ, ки мутааллиқ ба овоҳост; идроки марбут ба бӯйиданиҳо; идроки марбут ба маззаҳо; идроки марбут ба гармию ва сардӣ ва нармию сахтӣ».
Идроки ҳиссӣ бо иртиботи мустақими падидаи моддӣ бо ҳавосси панҷгона хатм намегардад, балки мурод аз он шинохтест, ки ба воситаи ҳавосси зоҳирӣ ва ботинӣ аз падидаи ҷузъӣ ҳосил мешавад ва хаёлу ваҳмро низ дар бар мегирад, зеро ин ҳар ду аз маҳсусот моя мегиранд. Хаёл ё тахайюл ҳузури сурати ҷузъии маҳсусот аст дар зеҳн, ҳарчанд падидаи ҳиссӣ назди дарёбанда ҳозир бошад ё набошад. Қувваи воҳима низ маънои ғайримаҳсуси вобаста ба падидаҳо ё умури ҷузъиро дармеёбад. Мас., «Идроки донишмандии Парвиз ва меҳрубонии ӯ». Идрок дар маънии хос дарёфти умури ҷузъӣ аст, ки ба се қисм ҷудо мешавад: ҳис, хаёл ва ваҳм.
Идроки инсон «муроқибаи зинда» — натиҷаи маърифати фаъолест, ки барои ҳалли масъалаҳои муайян равона мешавад. Дар якҷоягӣ бо раванди эҳсосот, идрок дар олам ва муҳити моро иҳотакарда сарфаҳм рафтан ба моҳияти ашёву падидаҳо ва дарёфтани самти дуруст ёрӣ мерасонад. Идрок бо тафаккур, хотира ва диққат алоқаманд буда, ба раванди фаъолияту муносибатҳо таъсир дорад. Раванди идрок ошкор кардани мудракро дар майдони идрокшаванда шинохтан, таҳлилу фарқ кардани нишонаҳои алоҳидаи онро дар назар дорад. Раванди маърифат, ки муҳимтарин ҷанба ва қисматҳои зарурии он идроки маҷмӯи хусусиятҳои ашёву падидаҳо мебошад, фарқ ва ҷудо кардани чизҳо дар фазо ва вақт, ҳамчунин таносуб ва пайванди онҳоро дар бар мегирад. Идрок ҳамчун як навъи маърифат сарфаҳмравӣ ва тавзеҳи маълумоти эҳсосотро дар назар дорад. Идрок ба мисли маркази таҳлилиест дар маркази мағзи сар, ки тамоми маълумоти аз узвҳо, ҳиссиёти панҷгона ва ақл ба он расидаро таҳлил мекунад, хулоса мебарорад, баҳо медиҳад ва натиҷаи охири онро ба соҳиби худ, яъне шахси дорои идрок мерасонад. Раванди идрок ҳал кардани ҳамешагии масъалаҳо доир ба шинохти мудракҳо ва як навъи тафаккур — «тафаккури чашмдор» буда, дар раванди таъсири мутақобилаи ақлу ҳиссиёт такмил меёбад ва бо ёрии асбобҳои техникии пешрафтаи муосир дарку инъикоси оламро барои инсон васеътару амиқтар мекунад.
Дар равоншиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Идрок дар равоншиносӣ инъикоси яклухт ва томи ашёву ҳодисаҳои олами беруна ҳангоми таъсири бевоситаи ангезаҳо ба ретсепторҳои мувофиқ мебошад. Идрок раванди мураккаби равонӣ (психикӣ) буда, якҷо бо эҳсос сурат мегирад, вале ҷамъи эҳсос нест. Яъне, идрок пайвасти механикии эҳсосҳои алоҳида набуда, алоқамандии мантиқии байни онҳо мебошад. Асосҳои физиологии идрокро фаъолияти таҳлилӣ-таркибии майнаи сар ташкил медиҳад. Ин фаъолият бо як хусусияти ашёи ба аъзои ҳисси мо таъсиркунанда алоқаманд набуда, балки бо тамоми хусусиятҳои он вобастагӣ дорад. Идрок дар натиҷаи ҳамин пайвастагии муваққатии тамоми хусусиятҳо ба амал меояд. Ба хусусиятҳои асосии идрок : шайъӣ будан, томӣ, сохторӣ, доимӣ, фаҳмидашавандагӣ, апперсепсия ва фаъолӣ дохил мешаванд. Барои ба вуҷуд овардани образи томи ашё лозим меояд, ки аз байни хусусиятҳои гуногуни таъсиррасонандаи он (ранг, шакл, бӯй, маза, ҳаҷм ва ғайра) аломату хусусияти асосӣ ҷудо карда шавад. Дар марҳалаи бавуҷудоии идрок тафаккур амал мекунад. Марҳилаи навбатии идрок якҷоякунии аломатҳои моҳият ва муқоисаи нақши идрокшударо бо донишҳои пешина дар бораи ашё талаб мекунад. Иштироки бевоситаи хотир дар раванди ба вуҷуд овардани образи идрок мушоҳида мешавад. Агар ҳангоми муқоисакунӣ фарзия оид ба ашёи пешниҳодшуда бо ахбори воридшуда мувофиқат кунад, он гоҳ шинохтани ашё ба вуҷуд омада, он идрок мешавад. Ва агар мувофиқат накунад, ҷустуҷӯи қарори лозимӣ то даврае идома меёбад, ки ашё шинохта шавад. Ҳангоми аввалин бор идрок кардани ашё раванди эҳсос пурратару равшантар ва ҳангоми такрорҳо содатар мешавад. Баъзан инъикоси як аломат ё хусусият кифоя аст, ки образи яклухти ашё ба вуҷуд оварда шавад, яъне он идрок карда шавад. Идрок ба муносибатҳои муайяни байни эҳсосҳо вобаста аст ва ин алоқамандиҳо дар ҳаёт инъикоси яклухти ашёву падидаҳоро ба вуҷуд меоварад. Дар раванди идрок таҷриба, дониш, диққат ва ғ. ширкат доранд. Шахс ашё ва падидаро нисбат ба синну сол ва маълумот, таҷриба, касб ва табиати худ ба ҳар гуна идрок мекунад. Дар раванди идрок майлу хоҳиш, зарурат ва масъулияти дарки ашё ё ҳодиса, кӯшиши иродавӣ низ аҳаммияти бузург доранд. Одам барои хубтар идрок кардани ашё маҷбур мешавад, ки фаъолияти шуурашро ба он равона созад ва ин ширкати диққатро дар раванди идрок нишон медиҳад. Ашёи идрок гуфта, ҳамон ашёе фаҳмида мешавад, ки дар раванди идрок фаъолияти равонӣ ба он мутамаркиз шудааст. Ашёи атрофи ашёи идрокро заминаи идрок меноманд. Мас., мо ҳангоми дар бозор интихоб намудани ягон либос дигар либосҳоро низ идрок мекунем, аммо ба сифати ашёи идрок он либосе зуҳур мекунад, ки барои мо дар ҳамон лаҳза зарур аст. Дигар либосҳо дар ин ҳолат заминаи идрок мебошанд.
Дар илми равоншиносӣ масъалаи мазкурро аввалин бор равоншиноси даниягӣ Э. Рубин мавриди омӯзиш қарор додааст (1915). Муносибати байни ашё ва замина дар идрок хусусияти динамикӣ дорад. Он ашёе, ки дар ҳамон лаҳза ба сифати ашёи идрок зуҳур мекунад, метавонад баъди муддате ба заминаи идрок табдил ёбад ё баръакс, заминаи идрок метавонад ҷойи ашёи идрокро ишғол намояд. Ҷудокунии ашё аз замина бо хусусиятҳои идрок ва махсусан ашёӣ будани идрок алоқаманд аст. Идрок аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳолатҳои рӯҳӣ (шодӣ, ғамгинӣ, ҳаяҷон, асабӣ шудан ва ғайра) алоқаманд аст. Мас., вақти хира ва нохуш будани табъи кас манзараҳои табиат ба назари ӯ номақбул ва ҳангоми хушҳолӣ тамоман ба гунаи дигар менамоянд. Идрок дар ҳар як инсон бо таъсири тарбия, таҷриба ва дониш инкишоф меёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- Новая философская энциклопедия. М., 1989;
- Манонов А., Раҳимова М. Педагогика ва психология. Х., 2001;
- Миралиев А., Давлатов М. Педагогика ва Психология. Д., 2007;
- Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ٧. تهران، ١٣٧٧ ش.؛
- .دانشنامۀ دانشگستر. جلد ٢. تهران، ١٣٨٩ ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идрок // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.