Бор
Зоҳир
Бор, борбӯхча — чизу чораи дар як ҷо ҷамъшудаи ашёи рӯзгор, ашё ва чизҳои бастабандшудаи хурду калон, инчунин ҳамаи васоили ҳамлшавандае, ки ба воситаи шахс ва ё воситаи дигари нақлиёт аз маконе ба маконе интиқол дода мешаванд.
Шахси ҳамлкунандаи борро маъмулан ҳаммол меноманд. бори кам (на он қадар вазнини рӯзгор), ба мисли бастаи алаф, ҳезум, хас, халта, қанор, қопча ва амсоли инро ба пуштора мебардоранд. Б-ҳои вазнинтар (сангинтар)-ро бо аспу хару шутур мекашонанд. Бор ҳамчунин ба маъноҳои вазнинӣ, гаронӣ, ғусса, ғам, андӯҳ, бар, мева, самар, ҳосил, қабул, пазироӣ (дар боргоҳ), иҷозат, рухсат, дафъа, карат, маротиба, шоха, шохи дарахт, шохи наботот ва амсоли онҳо ҳам истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бор / Р. Раҳмонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.