Jump to content

Бо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бо (порсӣ: ب), бо(ъ) (باء), бе (ب), (بئ), номи ҳарфи дуюми алифбои форсии тоҷикӣ дар миёни алиф (ا) ва пе (پ), дар алифбои арабӣ байни алиф ва то (ъ) (تاء) ҷой гирифтааст.

Дар абҷад қимати ададиаш ба 2 баробар аст. Калимаи мураккаби алифбо аз номи ҳарфи аввалу дуюм «алиф» ва «бо» такмил ёфтааст. Алифбои форсии тоҷикӣ аз 7 ҳарфи мунфасила (фосиладор, начаспанда ва 25 ҳарфи муттасила (пайваст навишташаванда, часпанда) иборат аст. Ҳарфи бо яке аз 25 ҳарфи муттасилаи алифбои форсии тоҷикӣ мебошад. Дар таълим онро бо чор навъ (дар аввал بـ , байн ـبـ , охир ـب , ҷудогона, дар алоҳидагӣ ب) ё ба ду навъ–пурра ب ва нопурра بـ ҷудо карда, меомӯзонанд. Дар расмулхат ҳангоми ба даст навиштан, дарозии ҳарфи Бо ба андозаи шаш нуқта муқаррар гардидааст ва ду тарафи он бо ҳам баробар ва ё тарафи чапаш (охираш) андаке бориктар бояд навишта шавад. Бо овози таркандаи (инфиҷории) лабулабии устувори ҷарангдор (шадид) аст. Бо алифбои арабӣ ба воситаи алифбои оромӣ (дар оромӣ аз «бета»-и финиқӣ гузаштааст) пайдо шуда, дар ҳамаи марҳалаҳои таърихи забони тоҷикӣ дар забонҳои авестоӣ, форсии қадим, форсии миёна (паҳлавӣ) ва дигар забонҳои шохаи эронӣ вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам дар забонҳои зиндаи эронӣ маъмул аст. Дар вожашиносии забони форсии тоҷикӣ яке аз масоили муҳимми марбут ба ҳарфи Бо бадалшавии он ба ҳарфҳои дигар аст. Мас.: б ба п–биринҷ–пиринҷ; б ба г–биринҷ–гурунҷ; б ба в–набиштан–навиштан, шаб–шав, об–ов, тоб–тов, нонбо–нонво, боз–воз, хоб–хов, ва ғайра; б ба ф–абзор–афзор, забон–зуфон ва ғ. Дар баъзе ҳолатҳои ҳамнишинӣ бо ин ҳарф дар талаффуз овози дигар пайдо мегардад, вале дар навишт ҳамон ҳарф боқӣ мемонад. Масалан нун (н) пеш аз б ояд, м талаффуз мешавад: анбор–амбор, занбӯр–замбӯр, ҷунбидан–ҷумби­дан, дунба–дунба ва ғ.

Баъзан б ба м бадал мешаванд: хунб–хум, сунб–сум, дунб–дум ва ғ. Дар забони форсии тоҷикӣ ва забонҳои дигар дар мавриди шумор кардани ашёву падидаву мафҳумҳо Бо баёнгари тартиби дувум (баъд аз алиф) мебошад. Дар илми ситорашиносӣ аломат ва рамзи Бурҷи Ҷавзо (Ҳамал, Дупайкар, Тавъамон), ҳам­чунин аломати рӯзи душанбе, аломати рӯзи дувуми моҳ ба ҳисоб меравад, Дар гурӯҳбандии ситорагон бар асоси андоза ва рӯшноии онҳо гоҳе ба ҷойи «бета»-и юнонӣ ба кор меравад. Дар тақвими мусулмонӣ рамзи моҳи Раҷаб аст. Дар илми мантиқ ифодагари маҳмул (хабар, предикат) аст дар муқобили ҳарфи ҷим, ки дар навбати худ на­моёнгари мавзӯъ мебошад. Дар илми мусиқишиносӣ дар нағманигории қадимии эронӣ, ки барои ифодаи замонҳо аз ҳуруфи алифбо истифода мебурданд, Бо чун аломати ихтисории бақия ба кор мерафт (барои ишораи нимпардаи хурд).

Дар маҳорати баён ва санъатҳои бадеӣ Бо аз нигоҳи шакл гоҳе ҳамчун ваҷҳи ташбеҳ ба кор рафтааст, Масалан ташбеҳи лаб ба Бо: Лаб чу бо, қомат алиф, абрӯ чу нун, дандон чу син (Саноӣ). Аз нигоҳи маънӣ (хислат) ҳарфи Бо чун замина барои ишораи хоксорӣ ва фурутанӣ ба кор рафтааст. Варна чу бе ҳарфи сарафканда бош (Низомӣ). Дар матнҳои тафсир низ ҳарфи Бо, ки дар оғози калимаи бисмиллоҳ ҷойгир аст, арзиш ва аҳаммияти хоссаеро соҳиб мебошад ва муфассирон ба он маъ­нию мафҳуми зиёдеро вобаста кардаанд. Тибқи ри­воёт, маънии Бои бисмиллоҳ ҳатто «ба ҳафтод шутур бор баробар аст». Масалан яке аз арзишҳои Бои бисмиллоҳ байни муфассирон дар он аст, ки он ҳамчун ҳарфи табаррук мақом дорад, яъне, вақте мегӯем «бисмиллоҳ», табаррукан ба номи Худованд оғоз мекунем. Ҳамин гуна тавзеҳоти муфассирон дар мавриди шакли зоҳирӣ, хислатҳо, тарзи навишт ва ҳамнишинии ҳарфи Бо дар мутуни тафсир фаровон оварда шудааст. Дар матн Бо ба маънии аввал, оғоз низ меояд ва ин ба шарофати он аст, ки ҳамаи сураҳои Қуръон ва маъмулан, ҳамаи амалҳои солеҳ бо «бисмиллоҳ» оғоз мегарданд, ки ҳарфи аввали он Бо аст: аз Бои бисмиллоҳ то тои таммат – аз оғоз то анҷом. Дар истилоҳи соликин (дарвешон) Бо ифодагари мавҷудоти мумкана аст, ки дар дараҷабандии мавҷудот мартабаи дувум мебошад:

Алиф дар аввалу бо дар дувум ҷӯй,
Бихон ҳар ду, якеро ҳар ду мегӯй.
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1, Д., 1987;
  • Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ. 1, Д., 2010;
  • Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. М., 1977.