Биолокатсия
Биолокатсия (аз юн. βίος — ҳаёт ва лот. locatio — мегузорам) — қобилияти мавқеи ягон объектро нисбати худ (самт, масофа) ё ҳолати худро дар фазо (биоориентатсия) муайян кардани ҳайвонот.
Биолокатсия дар натиҷаи дарк кардани таъсироти беруна (сигналҳо) бо сатҳи бадан ё аъзои ҳис (чашм, ломиса, шомма, сомеа, мувозина ва ғайра) амалӣ мегардад. Ду намуди биолокатсия — биолокатсияи мустақим (суст, ғайрифаъол) ва эхолокатсия (яке аз роҳҳои мавқеъмуайянкунии ҳайвонот дар фазо) мавҷуд аст. Биолокатсияи мустақим хосси бисёр ҳайвонот мебошад. Эхолокатсия дарки акси сигналҳои садоии баландбасомад бо мақсади ошкор намудани объектҳо дар фазо, инчунин ҳосил кардани маълумот дар бораи хусусият ва андозаи туъма аст. Эхолокатсия ба китҳо (мас., ба ромуз), кӯршабпарак ва баъзе ширхӯрҳои дигар хос мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи зистшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |