Jump to content

Бинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бинӣ, димоғ — узви шомма, ҳиссаи аввали роҳи болои нафас.

Бинӣ аз тағояк, устухон ва пӯсту мушакҳо таркиб ёфтааст. Пӯсти бинӣ ғадудҳои равғанбарор дорад. Дар вурудгоҳи ковокии бинӣ, дар ҳудуди пӯсту луобпарда, мӯй месабзад. Ковокии бинӣ, ки онро девораи мобайнӣ ба ду қисм ҷудо мекунад, ба воситаи сӯрохиҳои бинӣ ба берун ва ба тавассути сӯрохиҳои ақиби даруни бинӣ ба ҳалқум дар тамос аст. Устухони коми сахт девораи поён ва лавҳачаи устухони тӯршакл девораи болои ковокии биниро ба вуҷуд меоварад (аз он шохчаҳои асаби шомма мегузаранд). Девораи мобайнӣ сарҳадди қисмҳои рост ва чапи дохилии бинӣ буда, қисми ақиб устухонӣ ва қисми пеш тағоякӣ аст. Ҷавфҳои иловагӣ чаҳор ҷуфтанд: ҳайморӣ, ҷабинӣ, асосӣ ва тӯршакл. Ҷавфҳои ҳайморӣ аз ҳама калон буда, андозаи ҳар яке қариб 30 см3 аст. Ҷавфи ҷабинӣ дар устухони пешонӣ ҷойгир буда, андозааш қариб 3-5 см3 мешавад. Девораи поёни ҷавфи ҷабинӣ девораи болоии косахонаи чашм аст. Ҷавфи тӯршакл аз ҳуҷайраҳои устухонӣ иборат буда, лабиринт ном дорад. Лабиринти тӯршакл аз мағзи сар бо лавҳачаи тунуки устухонӣ ҷудо шудааст. Ҷавфи асосӣ дар танаи устухони асосии косаи сар ҷойгир мебошад. Он бо сурхраги хоб, ҷавфи варидӣ, асаби чашм ва асаби сетора ҳамҳудуд аст. Ҷавфи асосӣ ва як қисми ҷавфи тӯршакл бо роҳи болоии бинӣ пайваст мебошанд. Ковокии бинӣ бо луобпарда пӯшида шудааст. Луобпардаи роҳи болоии бинӣ қисми болоии суфраи миёнаи бинӣ, қисми рӯ ба рӯи миёндевори бинӣ бошад, қисми шомма ном дорад. Қисми боқии ковокии биниро қисми нафаскашӣ меноманд. Дар ғафсии луобпардаи суфраи поён ва қисми ақиби суфраи миёнаи бинӣ қабати исфанҷӣ ҷойгир аст, ки аз шабакаи хунрагҳои зиёд иборат мебошад. Ҷавфҳои изофии бинӣ низ бо луобпарда пӯшида шудаанд.

Ҳаво аз сӯрохии бинӣ гузашта аз зарраҳои чанг тоза мешавад. Зарраҳои калони чангро мӯйи вурудгоҳи бинӣ нигоҳ медорад; як қисми гарду чанг ва бактерияҳо бо ҷараёни ҳаво ба роҳҳои печ дар печи бинӣ гузашта, ба сатҳи луобпарда менишинанд. Беист лаппидани мижгонакҳо луоби бо ҷисмҳои бегона олударо аз ковокии бинӣ хориҷ мекунад (сипас бо балғам берун ё фурӯ бурда мешавад). Бактерияҳои ба ковокии бинӣ роҳёфтаро луоби бинӣ безарар мегардонад. Ҳавои хунук аз роҳҳои борик ва печ дар печи бинӣ мегузарад. Онро луобпарда, ки бо хун хуб таъмин шудааст, гарму намнок мекунад. Ҳуҷайраҳои асаби шоммаи луобпарда имкон медиҳанд, ки бӯйҳои гуногун ҳис карда шаванд. Ковокии бинӣ ва ҷавфҳои изофии он ба садо хушоҳангӣ ва лаҳни хос мебахшанд.

Яке аз иллатҳои асосии ковокии бинӣ газаки шадид ва музмини луобпарда аст. Дар сурати душвор гардидани нафаскашӣ бо бинӣ одам ба воситаи даҳон нафас мегирад. Бинобар ин, ҳавои хунук ба ҳалқум, ҳанҷара, хирной ва бронхҳо роҳ меёбад. Дар натиҷа барои инкишофи бронхит, ларингит, трахеит, фарингит барин бемориҳо шароити мусоид фароҳам меояд. Муддати дароз ба воситаи даҳон нафас гирифтани кӯдакон боиси осебҳои гуногун мешавад, мас., скелети рӯй ва қафаси сина нодуруст сабзида, дандонҳо каҷукилеб мебароянд; диққат, ҳофиза, сомеа халал меёбад. Кӯдакон ҳангоми бозӣ баъзан ба бинӣ чизҳои гуногун (танга, тугма, донак ва ғайра)-ро метиқонанд. Бинобар ин, дар натиҷаи баста шудани роҳи ҷавфи бинӣ аксар вақт зукоми сахт пайдо шуда, оби бинӣ бадбӯй ва хунолуд мегардад. Новобаста ба аломатҳои зоҳирии иллат ё амрози бинӣ ҳар осебдида ё бемор бояд аз муоинаи духтур гузарад. Осебҳои бинӣ (ҷойи фурӯрафта ё барҷастаи он, набудани нӯги бинӣ ва ғайра) бо усули ҷарроҳии тармимӣ табобат карда мешаванд.

  • Исхаки Ю. Б. Детская оториноларингология. Д., 1980;
  • Анатомия человека. М., 2004;
  • Исҳоқӣ Ю. Б. (ва диг.). Бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ. Д., 2010.