Белемнитҳо
Зоҳир
Белемнитҳо | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Belemnitida Gray, 1849 | ||||||||
|
Белемнитҳо ё белемнитидҳо[1] ((лот. Belemnitida, аз юн.-қад. βέλεμνον)) — як гурӯҳи ҳайвоноти бемуҳраи мунқариз.
Мансуби синфи нармбаданҳои сарпой мебошанд. Аз давраи ангиштсанг то палеоген зиндагӣ кардаанд. Зоҳиран ба калмарҳо монанд буда, садафи дохилӣ доштанд (он аз се қисм — фрагмокон, проостракум ва ростр иборат буд). Фрагмокон махрутшакл буда, ба воситаи девора ба ҳуҷраҳо тақсим мешуд. Проостракум дар тахтапушти Белеминтҳо пеш аз фрагмокон ҷой гирифта буд. Ростр (дарозиаш то 40 см) дарозрӯяи сигормонанд ё нештаршакл буда, чун ғилоф фрагмоконро мепӯшид. Белеминтҳо дар баҳрҳо мезистанд. Ғизои онҳо ҷонварони обӣ буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Белемнитиды; Белемниты // Геологический словарь. Т. 1. — М.: Недра, 1978. — С. 72.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Белемнитҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.