Баҳодуршоҳи II
урду: ابو ظفر سِراجُ الْدین محمد بُہادر شاہ ظفر | |
| |
28 сентябр 1837 — 21 сентябр 1857 | |
Пешгузашта | Akbar Shah II[d] |
|
|
Таваллуд |
24 октябр 1775[1][2][3] ё 1775 |
Даргузашт |
7 ноябр 1862[1][2][3] |
Мадфан | |
Дудмон | дудмони Темурӣ ва Бобуриён |
Падар | Akbar Shah II[d][3] |
Модар | Lal Bai Timurid Qudsia Begum Sahiba, Kallu Bai[d][3] |
Ҳамсар | Taj Mahal Begum[d] ва Zeenat Mahal[d] |
Фарзандон | Mirza Jawan Bakht[d], Mirza Farkhunda Shah[d], Mirza Dara Bakht[d] ва Mirza Khizr Sultan[d] |
Эътиқод | суннӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баҳодуршоҳи II (форсӣ: بهادرشاه دوم; 24 октябр 1775[1][2][3] ё 1775, Деҳлӣ — 7 ноябр 1862[1][2][3], Янгон, Роҷи Бритониё[4]) — охирин намояндаи сулолаи Бобуриёни Ҳиндустон. Фарзанди Акбаршоҳ. Солҳои ҳокимияташ 1837-58.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Расман вориси тахту тоҷ бошад ҳам, мустақилияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надошт. Воқеан ҳокимият дар дасти ширкати Ост-Индияи Англия буд. Ҳатто сиккаҳое, ки аз ҷониби ин ширкат зарб зада мешуд, номи шоҳи Ҳинд-ро надошт. Англисҳо баръакс, кӯши¬данд, ки Б. II аз ҳукумат даст кашад, лекин Баҳодуршоҳи II ҳеч шарти онҳоро қабул накард. Бар замми ин Баҳодуршоҳи II мехост писари хурдаш Мирзо Ҷавонбахт валиаҳд шавад, лекин англисҳо ҳам ин шарти Баҳодуршоҳи II-ро қабул накарданд. Онҳо Мирзо Фахриддин ва Муҳаммад Қулшукӯҳро, ки розӣ буданд, аз тахт даст кашида, унвони шоҳзодагиро бипазиранд, дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон овозаҳо пайдо шуданд, ки гӯё Баҳодуршоҳи II таҳти таъсири Пирзода Ҳасан Акбарӣ мазҳаби худро тағйир дода, ба мазҳаби шиа гаравидааст ва ҳамзамон аз шоҳи Эрон Каримхони Занд ёрӣ хостааст. Ба ин мазмун ҳатто дар масҷиди ҷомеи Деҳлӣ 2 марти 1857 эъломия пайдо шуд. Ҳамон сол шаҳри Деҳлӣ дар дасти тоифаи моротҳо, ки ибтидо дар хидмати англисҳо буданд, қарор дошт ва ҳатто онҳо низ бар зидди англисҳо шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон Баҳодуршоҳи II-и 82-соларо роҳбари худ интихоб карданд (ҳарчанд аввал Баҳодуршоҳи II зидди ин гуна шӯришҳо буд) ва бо даъвати Баҳодуршоҳи II ҳокимони вилоятҳо низ ба онҳо ҳамроҳ шуданд.
Баҳодуршоҳи II зидди ихтилофоти дохилӣ буд, бо вуҷуди ин бархе аз роҳбарони вилоятҳо Баҳодуршоҳи II-ро напазируфта, ба англисҳо ёрии ҳарҷониба намуданд. Баъди муҳорибаи шадид, 6 сентябри 1857 шаҳри Деҳлӣ боз ба тасарруфи англисҳо даромад. Баҳодуршоҳи II бо ҳамсару писараш Мирзо Ҷавонбахт дар оромгоҳи Ҳумоюн паноҳ бурданд, лекин англисҳо оромгоҳро (22 сентиябри 1857) муҳосира намуда, Баҳодуршоҳи II-ро асир гирифтанд. Муддати як сол зиндонӣ буд, баъдтар ба Бирма (Мянма) умрбод бадарға шуд ва саранҷом дар он ҷо аз олам даргузашт. Баҳодуршоҳи II шоҳи донишманду закӣ буд. Бо тахаллуси Зафар шеър мегуфтааст. Аз ӯ асаре бо номи "Шарҳи «Гулистон» ва девони шеър боқӣ мондааст. Ҳамаи анвои хатро хуш менавишт. Дар хатти насх пайрави Қозӣ Исматуллоҳ буд. Чанд тан шогирд доштааст, ки назди ӯ таълими хат мегирифтанд ва ҳар як шоир ва дар тасаввуф пайрави маслаки вай будаанд. Аз осори Баҳодуршоҳи қитъаҳо ба хатҳои насх, туғроӣ ва настаълиқ дар Осорхонаи бостоншиносии Деҳлӣ мавҷуданд, ки яке аз анҳо бо хатти зебои настаълиқ навишта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 https://indianculture.gov.in/stories/bahadur-shah-zafar
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳодуршоҳи II / Қ. Расулиён, Н. Шарипов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 24 октябр
- Зодагони соли 1775
- Зодагони Деҳлӣ
- Даргузаштагони 7 ноябр
- Даргузаштагони соли 1862
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Шоҳаншоҳии Темуриён
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)