Батламиюс
юн.-қад. Κλαύδιος Πτολεμαῖος | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 100[1][2][3] |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | тақрибан 170[4][2][3] |
Маҳалли даргузашт |
|
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, ахтарбинӣ, риёзиёт, механика, нуршиносӣ, ҷуғрофиё, назарияпардози мусиқӣ[d] ва назарияи мусиқӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Батламиюс, Батлимус, Батлимуси Қалузӣ, муарраби Клавдий Птолемей (юн.-қад. Κλαύδιος Πτολεμαῖος, лот. Claudius Ptolemaeus, тақр. 100 — тақр. 170)[7] — риёзидон, физикдон, файласуф, ҷуғрофиёдон, мусиқидон ва ахтаршиноси маъруфи Юнони Бостон, ки дар шаҳри Искандария зиндагӣ ва фаъолият кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи ҳаёту фаъолияташ ҳамзамононаш маълумоте надодаанд. Батламиюс эҳтимол аз юнониён ё эллиниёни Искандария бошад. Зеро номи оилавии Клавдий (Claudius) аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ шаҳрванди Рум буд ва аҷдодаш шаҳрвандиро дар давраи император Клавдий гирифтаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳимтарин асари Батламиюс «Мegiste Syntaxsis» мебошад, ки бо номи арабии «Алмаҷастӣ» машҳур аст. Он аз 13 китоб иборат буда, донишҳои пурраи астрономии Юнони Қадим ва Шарқи Наздики вақтро дар бар мегирад. Асари мазкур, ки дар он низоми заминмарказии олам баён гардида буд, то ибтидои садаи 17 нуфузи илмии худро нигоҳ дошта, танҳо пас аз пайдо шудани низоми офтобмарказии олами Н. Коперник ва интишори ҷадвалҳои И. Кеплер, ки қонуниятҳои ҳаракати сайёраҳоро мефаҳмонданд, мавқеи худро аз даст дод. «Алмаҷастӣ» ба инкишофи астрономияи классикии Шарқ низ таъсири бузург расондааст. Яке аз устодонаш Теон ном доштааст. То замони мо инчунин асари ҷуғрофиёии Батламиюс атлам «Осору-л-билод» (иборат аз 8 китоб) ё «Ҷуғрофиё» омада расидааст, ки дар он маълумоти ҷуғрофиёии замони атиқа ҷамъ¬баст карда шудаанд. Дар «Ҷуғрофиё» ғайри маълумоти ҷуғрофиёӣ, инчунин координатаҳои ҷуғрофии 8000 маҳал, аз он ҷумла координатаҳои Самарқанду Бухоро, Бишкенту Шош, Зомину Фороб ва Кӯлоб оварда шудаанд. Ба он инчунин як харитаи умумӣ ва 26 харитаи маҳалҳо замима гардидаанд. Дар рисолаи «Гармоника» Батламиюс назарияи силсилаи баландиҳои мусиқии замони худро моҳирона таҳқиқ намудааст. Дар рисолаи «Оптика» таҷрибаҳои худро оид ба шикасти рӯшноӣ дар сарҳадди «ҳавооб» ва «ҳавошиша» ҷамъбаст намуда, қонуни шикасти рӯшноиро ба тариқи худ пешниҳод кардааст (барои кунҷҳои хурд тақр. иҷро мешавад). Батламиюс инчунин таъсири рефраксияро дар мушоҳидаҳои нуҷумӣ дуруст фаҳмонида, калоншавии зоҳирии қурси Офтоб ва Моҳро дар уфуқ ҳамчун падидаи равоншиносӣ маънидод кардааст. Дар китоби «Чоркитоб» Батламиюс натиҷаи мушоҳидаҳои омории худро дар бораи давомнокии ҳаёти инсон ҷамъбаст намуда, муайян кардааст, ки ба шахси солхӯрда одамони аз 56 то 68-сола маҳсубанд ва пас аз он пирӣ фаро мерасад.
Батламиюс энсиклопедисти замонааш буда, аз худ осори ғанӣ ба мерос мондааст. «Навиштаҷоти Канопӣ», «Зичҳои тайёр», «Тахминоти сайёравӣ», «Ҳолоти ситораҳои собита» (мухтасар «Ҳолот»), «Аналемма», «Планисфера», «Таъсироти танҷимӣ (астрологӣ)», «Андар қобилияти муҳокимаронӣ ва хулосабарорӣ», «Маҳсул» аз ҷумлаи таълифоти Батламиюс мебошанд.
Бузургдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо номи Батламиюс дар Моҳ ва Миррих танӯра ва дар геометрия нобаробарӣ номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 (unspecified title) — Детройт: Charles Scribner's Sons, 2008. — ISBN 978-0-684-31559-1
- ↑ 3.0 3.1 Jones A. R., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ encyclopedia.com (ингл.) — HighBeam Research.
- ↑ Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Toomer, 1970, p. 186.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бронштэн В. А. Клавдий Птоломей. М., 1985;
- Гурнштейн А. А. Птоломей и Коперник. М., 1988;
- Шевченко М. Ю. Клавдий Птолемей. М., 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Батламиюс / А. Комилӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.