Jump to content

Арго

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арго (фр. argot) — тарзи гуфтори аҳли ягон табақаи ҷамъият, ки ба маҳалле алоқаманд нест; аниқтараш забони табақаҳои ғайрисинфии ҷамъият ва бинобар ин аргоро забони махсуси ҳарбиён, шикорчиён, варзишгарон, савдогарон, дуздону қартабозон низ мегӯянд.

Арго таърихан аз лаҳҷаи гуфтори савдогарони оворагард ва косибон пайдо шуда, ба машғулияту пешаи одамон пайвастагии зич дорад. Арго системаи алоҳидаеро ташкил надода, дар қолиби ифодаи забони умумӣ истифодаи махсуси калимаҳо мебошад ва бо жаргон ва забони гуфтугӯӣ алоқаманд буда, ҷиҳати махсуси лексикиро ташкил медиҳад. Арго аз жаргон фарқ мекунад, зеро жаргон чун воситаи муоширати касбии ин ё он соҳа ба шумор меравад, арго бошад, дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ маъмул буда, сарҳад ва ҳудуди касбию соҳавӣ надорад. Арго дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаи тавсифи услубӣ, махсусан дар нутқи персонажҳо ва баъзан дар нутқи муаллиф ҳангоми нақли батафсил истифода мешавад.

  • Жирмунский В. М., Национальный язык и социальные диалекты, Л., 1936;
  • Скворцов Л. И., Жаргонная лексика в языке современной художественной литературы, дар маҷм. «Вопросы культуры речи», вып. 7, М., 1966;
  • Грачев М., Гуров А., Рябинин В., Словарь уголовного жаргона, М., 1991.