Jump to content

Америго Веспуччи

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Америго Веспуччи
итол. Amerigo Vespucci
Сурат
Таърихи таваллуд 9 март 1454[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 феврал 1512[1] (57 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша гардишгар, бозаргон, нақшанигор, нависанда
Ҳамсар Maria Cerezo[d][1]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Амери́го Веспу́ччи (итол. Amerigo Vespucci, лот. Americus Vespucius; 9 март 1454[1], Флоренсия[d], Ҷумҳурии Флоренсия[d][1]22 феврал 1512[1], Севиля, Подшоҳии Севиля[d], Кастилия ва Леон[d][1]) — гардишгар, баҳрнавард, кошиф ва нақшанигори италиёӣ, ки қорраи ғарбӣ ба номи ӯ Америка номида мешавад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи нотариуси сарватманд ба дунё омадааст. Дар флотҳои баҳрии Испания ва Португалия хидмат кардааст. Солҳои 1499—1504 дар якчанд экспедитсия ба соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ ширкат варзида, онро тасвир кард ва Олами Нав номид. Харитакаши лотарингӣ М. Валдземюллер соли 1507, ба гумони ин ки Олами Куҳан (Осиё)-ро Колумб таҳқиқ карда, Олами Навро Америго Веспуччи кашф намудааст, материки ҷанубиро «Америка» номид. Соли 1538 дар харитаи Меркатор қисми шимолии қитъа низ «Америка» ном гирифт. Соли 1508 Америго Веспуччи ба вазифаи сарроҳбалад (сарштурман)-и Испания таъйин гардид (аз лотсманҳо имтиҳон мегирифт, харитаи заминҳои кашфшуда ва роҳҳои онҳоро тасвир мекард).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 1.8 Formisano L. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 2020. — Vol. 99.