Jump to content

Адамсит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адамсит — HN(C6H4)2AsСl, хокаи кристаллии зард. Ҳарор. гуд. 195°С; дар об ҳал намешавад, дар бисёр ҳалкунандаҳои органикӣ бад ҳал мешавад; аз ҷиҳати химиявӣ устувор аст. Адамситро аз дифениламин (C6H5)2NH ва сехлориди арсен (марги муш) ё аз хлоргидрати дифениламин (C6H5)2NH•HCl ва ангидриди кислотаи арсенит As2O3ҳосил мекунанд. Адамсит роҳҳои болоии нафасро меангезад. Дар охири Ҷанги якуми ҷаҳонӣ чун моддаи заҳрнок барои истифода пешниҳод шуда буд.