Jump to content

Агреман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Агрема́н (аз фр.  agrément — тасдиқ, қабул) - санадест, ки розигии пешакии давлат ба таъйин намудани шахси аз ҷумла ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии давлати дигар дода мешавад.Агреман ҷавоб ба дархости давлати хориҷист. Дархост вобаста ба дараҷа, рутба, мартабаи зинаи агенти дипломатӣ (сафир, фиристода) ба мансабдори дараҷаи баланди давлати қабулкунанда (сарвари давлат, раиси ҳукумат) ва ё дар ҳолати таъйини намояндаи дипломатӣ ба сарвари муассисаи байналмилалӣ муроҷиа мешавад. Давлат салоҳият дорад агреманро рад кунад ва ин тасмимашро тафсир накунад. Одатан раддия дар шакли ҳатаърихи машваратона – пешниҳод кардани каси дигар сурат мегирад.