Гардолудшавӣ
Гардолудшавӣ — аз гарддон ба гардгирак (дар рустаниҳои пӯшидатухм) ё ҳуҷайратухм (дар рустаниҳои лучтухм) рехтани гард. Баъди гардолуд шудан аз гардак гарднайча сабзида, нутфаро ба ҳуҷайратухми тухммуғча мебарад, он ҷо бордоршавӣ ва рушди ҷанин ба амал меояд.
Гули дарахтони мева бо 2 усул – дутарафа ва худ аз худ (автоғамия) гардолуд мешавад. Ҳангоми гардолудшавии дутарафа гард аз як гул ба гардгираки тухмдони гули дигари ҳамон рустанӣ (гейтеноғамия) ё рустании дигар (ксеноғамия) мерезад; дар вақти худгардолудӣ гард аз гардбарга ба гардгираки тухмдони ҳамон гул мерезад. Ҳар ду усули гардолудшавӣ ба гули ток низ мансуб аст. Гули ток асосан тавассути шамол (анемофилия) гардолуд мешавад. Гардгираки гули ток ҳангоми ба қабули гард омода шуданаш, усора хориҷ карда, бо ҳамин барои часпидан, муҳофизат ва сабзиши гард мусоидат менамояд. Ҳангоми гардолудшавии дутарафа, яъне, ба гули рустании дигар рехтани гард, ҷанин аломатҳои ҳар ду ҷинсро соҳиб мешавад. Аз ҳамин сабаб он назар ба худгардолудӣ афзалият дорад. Барои гардолуд шудани гул ҳашарот (энтомофилия), шамол (анемофилия), парандаҳо (орнитофилия), ҳайвонот (зоофилия) ва об (ҳидрофилия) мадад мерасонанд. Гули бисёр рустаниҳо барои гардолуд шудан фақат ба як навъи ҳашарот мутобиқ шудааст, мас., анҷирро танҳо занбӯрҳои бластофит гардолуд менамоянд, чунки давраи инкишофи онҳо ба давраи гулшукуфти анҷир рост меояд. Гули рустаниҳои дуҷинса (мас., аксари дарахтони мева, ғуҷуммева, ток ва ғайра) ва якҷинса (мас., чормағз, баъзе навъи ток ва ғайра) бештар дутарафа гардолуд мешаванд. Дар сурати ба гардгираки ин рустаниҳо наафтодани гарди гули рустании дигар гардолудшавии дутарафа ба амал намеояд. Рустаниҳои гардолудиашон дутарафа аз рустаниҳои худгардолуд фарқ мекунанд. Гардолудшавии дутарафа дар табиат хеле муҳим аст. Онро дар корҳои боғдорӣ барои рӯёнидани анвои меваҳои дурага истифода мебаранд. Аз рӯйи тарзи гузаштани гард рустаниҳои гардолудиашон дутарафаро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: анемофилӣ (бо шамол) ва энтомофилӣ (бо ҳашарот). Гули рустаниҳое, ки бо шамолу ҳашарот гардолуд мешаванд, аз ҳам фарқ мекунанд. Мас., гули рустаниҳое, ки бо шамол гардолуд мешаванд, калон буда, гарддони онҳо ба берун мебарояд ва мекафад. Дар натиҷа гарди онҳо тавассути шамол паҳн шуда, қисман ба гардгираки тухмдони рустаниҳои дигар меафтад. Гули рустаниҳое, ки бо ҳашарот гардолуд мешаванд, воситаҳои ҷолиб дорад, мас., шаҳддон. Ҳашарот аз як гул ба гули дигар нишаста, шаҳди онро мемаканд ва бо ҳамин роҳ ба гардолуд шудани гул мусоидат мекунанд. Гарди гули рустаниҳое, ки онҳоро ҳашарот гардолуд мекунанд, нисбатан калону часпак аст. Дар ҷалб кардани ҳашарот бӯйи гул низ муҳим мебошад. Бӯйи гулро ҳашарот аз масофаи хеле дур ҳис ва фарқ мекунанд. Дар давраи гулшукуфти дарахтони мева ҳашарот ҳар қадар зиёд бошанд, ҳосил ҳамон андоза фаровон мешавад. Ба гардолудшавӣ номусоидии обу ҳаво таъсири манфӣ мерасонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Атлас по эмбриологии винограда. Кишинёв, 1977;
- Гринфельд Э. К. Происхождение и развитие антофилии ӯ насекомых. Л., 1978;
- Фегри К., Шэйл Л. Основы экологии опыления /Пер. с англ.. М., 1982;
- Борисов Б. Ботаника. М., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гардолудшавӣ / А. Ҳалимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.