Jump to content

Озод-Кашмир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Озод-Кашмир
урду: آزاد جموں و کشمیر
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Музаффаробод
Роҳбар Chaudhry Abdul Majeed[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 24 октябр 1947
Масоҳат
  • 13 297 ± 1 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 4 567 982 тан (2008)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-JK
Вебгоҳи расмӣ
Озод-Кашмир дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Озод Ҷамму ва Кашмир (урду: آزاد جموں و کشمیر; мухтасар — Озод-Кашмир, яъне «Кашмири озод») — воҳиди маъмурие ки дар ҷануби минтақаи идоракунии Покистон, дар қисмати собиқ кишвари Кашмир воқеъ аст. Де-факто дар ҳайати Покистон мебошад, аммо расман Покистон онро ҳамчун минтақаи худидоракунии мустаъқил бо ҳукумати хеш эътироф намудааст[1]. Бо иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон дар қисми шарқ ҳамсарҳад аст.[2], инчунин бо иёлатҳои покистонии Хайбер-Пухтунхво дар ғарб, Гилгит-Балтистон дар шимол ва Панҷоб дар ҷануб ҳамсарҳад мебошад. Маркази маъмурӣ — шаҳри Музаффаробод. Масоҳат — 11 639 км² Аҳолӣ — 4,5 млн наф.

Озодии Кашмир октябри соли 1947 ҳамчун намуди эътироз бар зидди ҳукмронии махароҷа Хари Сингх эълон шуда буд. Пас аз Ҷанги якуми ҳинду-покистонӣ сарҳади муосири байнидавлатӣ, бо ҳудудҳои ғарбии минтақаи ҷуғрофии Ҷамму ва Кашмир (ва ду шаҳри асосӣ — Сринагар ва Ҷамму — дар ҳудуди Ҳиндустон) ба миён омадаанд. Озод-Кашмир дар амал (де-факто) минтақаи Покистон аст. Гарчанде он аз иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон ҷудо нест, ва мавҷудияти иёлати Ҷамму ва Кашмир ҳамчун ҳолати муваққати муқаррар шудаааст, то замоне, ки пурра ба ҳайати Покистон нагузурад. Тақсимоти Ҷамму ва Кашмирро аз рӯи аломати мазҳабӣ, ки намояндаи СММ ҷаноби Оуэн Диксон дар сентябри соли 1950 пешниҳод намуда буд, аз ҷониби Ҳиндустон ва Покистон рад гардида шуд[3].

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Azad-Kashmir Бойгонӣ шудааст 8 августи 2014  сол. Encyclopædia Britannica
  2. Ҳиндустон ҳудуди Озод-Кашмирро (Покистон) замини иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон мешуморад
  3. Kashmir Between India and Pakistan Бойгонӣ шудааст 3 феврали 2012  сол.