Jump to content

Аорсҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аорсҳо (юн.-қад. Aorsoi) — иттифоқи қабилаҳои сармат.

Дар бораи Аорсҳо Страбон, Птоломей, Плиний, Тасит маълумот додаанд.

Дар солномаҳои хитойӣ чун янсай маълуманд. Аввал дар шимолӣ Баҳри Арал ё Хазар маскан доштаанд. Ибтидои садаи II то м. дар биёбони соҳили шимолӣ Баҳри Хазар ва дарёи Дон, дар ҷануб то Кавказ паҳн шуданд. Аорсҳо чорводорони бодиянишин ва ҷанговар буда, дар тиҷорати байни халққҳои Моварои Кавказ, давлати Босфор ва Осиёи Марказӣ, дар ҷангҳои дохилии Босфор иштироки фаъол доштанд. Аорсҳо садаи II мелоди ба иттифоқи қабилаҳои сармат, ки аланҳо сарвари онҳо буданд, дохил гаштанд. Қабристонҳои асрҳои 4 – 2 то м-и биёбони Оренбург ва Поволжиеи Поёнро ба Аорсҳо нисбат медиҳанд