Қимиз (аз туркӣ: qımız) — як навъ нӯшиданиро гуянд, ки аз шири модиён (баъзан аз шири гову шутур) тайёр мекунанд.

Қимиз
Кишвари асл
Таркибот
Асосӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қимиз дар байни мардумони бодиянишин аз қадимулайём маъмул аст. Шири хоми байтал (ё шири пастеризация-кардан гов ва шутур)-ро дар ҳарорати 26—28°С бо бактерияҳои туршонанда ва ширмоя метуршонанд ва шири то 60°С туршонидаро дар зарфи чубин то 60 дақиқа меомезанд. Баъд онро ба шишаҳои гарданборик рехта, даҳони шишаҳоро маҳкам мекунанд, барои ҳосил шудани гази табиӣ дар ҳарор. 20—22°С 30—40 дақиқа нигоҳ медоранд ва сипас дар ҳарорати 4—6°С 12—14 соат хунук мекунанд. Қимизи тайёр нушокии фишшосзанандаи кафкдорест, ки таъм ва бӯи спирт дорад. Қимизро организм нағз ҳазм мекунад, вай ҳазми сафедаву равғанҳои хурокро метезонад ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар менамояд.

Қимиз хусусияти давоӣ дорад, онро барои табобати сил, шуста тоза кардани захмҳои носур, табобати гурда ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон усули бо қимиз муолиҷа намудан дар беморхонаҳои № 1 ва № 3-и ҷумҳуриявии бемориҳои сил, шифохонаи ҷумҳуриявии бачагонаи Тангаӣ ва шифохонаи Шаҳристон ҷорӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Куанецов Ц. И., Гавоилов П. Ф., Кумыс — ценное лечебно-профиалитическое средство. Тамбов. 1961;
  • Кумыс, Алма-Ата, 1968;
  • Мироненко М. С., Кумыо — богатырский напиток, М. 1969.

Сарчашма

вироиш
  • Қимиз / И. Сулаймонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).