Вилоят
Вилоят (ар. ولاية) — воҳиди марзию маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вилояти мухтор яке аз шаклҳои мухторияти марзӣ буда, нисбат ба вилоятҳои маъмурӣ ҳуқуқҳои васеътар дорад. Вазъи вилояти мухтор ба он ҳудуде мувофиқ мешавад, ки дар он ақаллияти миллӣ зиндагӣ мекунанд. Конститутсияҳои давлатҳои Итолиё, Испониё, Дания, ҶХХ ва иддаи дигари давлатҳо вазъи ҳуқуқии вилояти мухторро муайян кардаанд. Вилояти мухтор ниҳоди махсуси воҳиди марзӣ дар таркиби давлати ягона ва дорои ҳуқуқҳои дар қонун муайяншуда мебошад. Дар сохтори давлатии мамлакатҳои гуногун асосан 3 навъи мухторӣ: марзию маъмурӣ, марзию миллӣ ва маданию миллӣ мавҷуданд. Мухторӣ на фақат самти ҳуқуқӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ ва амалӣ низ дорад. Мухторӣ бештар дар давлатҳои иттифоқӣ (федеративӣ) ва камтар дар давлатҳои ягона (унитарӣ) мавҷуд аст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ вилояти мухторро мухторияти маъмурӣ низ меноманд ва бо ин роҳ онҳоро аз мухторияти сиёсӣ — ҷумҳурии мухтор фарқ мекунонанд. Вилояти мухтор дар ташкили мақомоти ҳокимияти конунгузор, иҷроия ва судӣ ҳуқуқҳои махсус дорад. Дар таҳияи барномаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ манфиати вилояти мухтор ба эътибор гирифта мешавад. Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1925 то ин дам ВМКБ ҷойгир аст. Вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии он дар боби ҳафтуми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» (аз 30 июли 2007) ва дигар қонунҳо муайян ва танзим карда шудааст.
ВМКБ қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар конститутсияҳои давраи шӯравии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии ВМКБ-ро фасл ё боби алоҳида муқаррар мекард. Дар Конститутсияи соли 1994 боби ҳафтум чанде аз ҳуқуқҳои ВМКБ-ро муайян кардааст. Аз ҷумла, ҳудуди ВМКБ бе ризояти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ панҷ намоянда дорад. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ намояндаи ВМКБ мебошад. Яке аз намояндагони ВМКБ узви Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин намояндаи вилоят дар ҳайати дигар мақомоти судӣ, дар ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамояд. Низоми сохтори марзию маъмурии ВМКБ-ро бе розигии Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир додан мумкин нест. вилояти маъмурӣ ҳамчун воҳиди марзию маъмурӣ дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Дар ҳайати он шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд. Вазъи ҳуқуқии вилоят дар боби 6 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳокимияти маҳаллӣ бахшида шудааст, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» танзим шудааст. Вилояти маъмуриро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва барҳам медиҳад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду вилояти маъмурӣ: вилояти Суғд ва вилояти Хатлон мавҷуданд, ки аз рӯйи ҷойгиршавӣ ва шумораи аҳолӣ бо нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии худ ба ҳам наздиканд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вилоят / А. Имомов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1994;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳалли масъалаҳои сохтори марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 1995;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон». Д., 2007.