Афинаи Қадим
Афинаи қадим — шаҳри асосии Аттика дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз давраи неолит зиндагӣ доштанд. Дар ҳазораи 2 то мелод дар Акропол – сахраи дар маркази шаҳр ҷойгирифта нахустин қалъаҳои қабоили пеласгҳо сохта шуда буданд. Ҳамчунин баъдтар дар садаи VI то мелод дар ин ҷо маъбади илоҳа Афина эъмор шуд. Дар даврони ҷангҳои Юнону Форс (480 ва 479 то мелод) форсҳо ду маротиба Афинаро вайрон карданд. Пас аз ронда шудани форсҳо аз Юнон бо ибтикори Фемистокл (сипаҳсолори машҳури юнонӣ) гирдогирди шаҳр девори муҳофизатӣ сохта шуд. Асосан сохтмони минбаъдаи шаҳр дар давраи Перикл (нимаи дуюми садаи V то мелод) авҷ гирифт. Таҳти роҳбарии меъмори бузург Фидий дар Акропол ансамбли классикии афинӣ бунёд ёфт. Дар нимаи дуюми садаи IV то мелод бо ташаббуси Ликург дар Афина варзишгоҳ, театр (аз санг) ва ҷойи баргузории маҷлиси ом сохта шуданд. Соли 86 то мелод сипаҳсолори румӣ Сулла Афинаро забт ва ғорат кард.
Аксари иншооти маъруфи минбаъдаи шаҳр бо фармони император Адриан сохта шуданд; аз ҷумла таҷдиди маъбади Зевси Олимпӣ ба ин давра мансуб аст. Соли 262 мелодӣ аз тохтутози қабилаҳои барбарии готҳо ва герулҳо хеле хароб гардид. Баъди бо фармони Юстинини 1 баста шудани мактаби фалсафӣ (529) ва таҳкими масеҳият инқирози тадриҷии Афина оғоз гардида, ба як шаҳри музофотии империяи Руми Шимолӣ табдил ёфт. Нигаред низ Юнони Қадим
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ Б. Раҳматов.